Боздошти 2 нафар зан бо гумони тамаъҷӯӣ
Шаҳрванд М.И., соли таваллудаш 2001 истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир гардид. Номбурда бо як нафар омӯзгор муносибатҳои маҳрамона пайдо карда, раванди ин муносибатҳоро тариқи телефони мобилӣ сабт намудааст. Сипас, барои паҳн накардани наворҳои бадномкунанда бо роҳи таъмаҷӯӣ аз ҷабрдида 15 000-сомонӣ талаб карда гирифтааст.
Инчунин, кормандони ШВКД дар ноҳияи А. Ҷомӣ шаҳрванд Қурбонова Х.Ш., соли таваллудаш 1974 сокини ноҳияи Синоро бо гумони содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир намуданд. Номбурда соли 2023 баъди фаҳмидани муносибати маҳрамонаи духтараш Х.Ё., соли таваллудаш 2001 бо шаҳрванд С.Ҷ., соли таваллудаш 1987 истиқоматкунандаи ноҳияи А.Ҷомӣ ва фарзанддор шудани духтараш, бо роҳи тамаъҷӯӣ аз С.Ҷ., маблағи 143.000-сомонӣ бо таҳдиди ифшои маълумотҳои беобрӯкунанда талаб карда гирифтааст. Боз Қурбонова Х.Ш., бо тариқи телефон занг зада, аз шаҳрванд С.Ҷ., 77.000-сомонии дигар талаб карда таҳдид кардааст, ки агар маблағи талабкардаашро надиҳад обру ва шаъну шарафашро дар назди аъзоёни оилааш паст мезанад. 11-уми июни соли 2026 зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ Қурбонова Х.Ш., баъди гирифтани 77 ҳазор сомонӣ дастгир карда шуд ва маблағи болозикр ҳамчун далели шайъи ҳуҷҷатгузори карда гирифта шуд.
Оид ба ҳолатҳои ҷойдошта парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар пешбурди тафтишот қарор дорад.

















