Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шанбегии дастаҷамъона дар якҷоягӣ бо ҷавонони фаъоли гурӯҳи “Авангард”

13-уми июни соли 2026 бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни “35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” кормандони РОПҲНҶ ВКД дар якҷоягӣ бо ҷавонони фаъоли гурӯҳи “Авангард” дар соҳили дарёи “Душанбе ”шанбегии дастаҷамъона ташкил намуда,  гирду атрофи  соҳили дарёро аз ҳар гуна партовҳо ва алафҳои бегона тоза намуда, бо ин роҳ дар ободию зебогии диёр саҳмгузорӣ намуданд.
Дар аксияи экологӣ 200 нафар ҷавонони фаъоли “Авангард” бо ҳисси баланди масъулият ва ватандӯстиву зебоипарастӣ бо роҳбарии кормандони  РОПҲНҶ ВКД ба ҳашари ободонию тозакорӣ баромада, соҳили дарёро аз ҳар гуна хазонрезаҳо тоза намуда, бехи дарахтонро нарм карданд, инчунин шафати роҳҳои автомобилгарди канори дарёи “Душанбе”-ро аз ҳар гуна партовҳо тоза сохта, ба ин васила симои атрофро боз ҳам зеботар намуданд.
Қобили қайд аст, ки баҳри тоза намудани гирду атроф аз ҳар гуна партовҳо, ба роҳ мондани корҳои ободонӣ ва созандагӣ, сафарбар кардани ҷавонони “Авангард” ба шанбегиҳо, ҳашару аксияҳо дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи РОПҲНҶ ВКД пайваста доир карда мешавад.
Абдулло Шоҳиён

13.06.2026 11:48
27