Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк.

Дар натиҷаи доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки Сафарова Ш.Ҳ., соли таваллудаш 1989 истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Мастчоҳ 2-юми июни соли 2026 тахминан соати 12:30-дақиқа дар назди манзили истиқоматиаш бо шавҳараш Ҷумъазода А.Р., соли таваллудаш 1990 истиқоматкунандаи ҳамон ҷо баҳсу муноқиша намуда, бо мақсади қасдан несту нобуд кардани амвол Сафарова Ш.Ҳ. бо санг  тирезаҳои паҳлуии автомашинаи шавҳараш  тамғаи «Газел»-ро, ки дар назди ҳавлии истиқоматиаш меистод, шикаста, ба маблағи  2700-сомонӣ зарар расонидааст. Баъдан автомашинаи тамғаи «Тайота Версо»-ро низ, ки ба Ҷумаев  А.А., тааллуқ дорад,  бо санг терезаҳои паҳлуӣ ва тирезаи  қисмати пешро  зада шикастааст ва  ба соҳиби он 4900-сомонӣ зарар  расонидааст.
Барои чунин кирдор нисбати  Сафарова Ш.Ҳ., парвандаи ҷиноятӣ  оғоз гардида, дар пешбурди тафтишот қарор дорад.

13.06.2026 11:04
33