Чорабиниҳои варзишӣ дар МДТ Колеҷи тиббии шаҳри Бохтар
Бо мақсади тарғиби варзиш ва тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷавонону наврасон аз оворагардӣ, мубтало гаштан ба нашъамандӣ ва пешгирии истеъмоли моддаҳои психотропӣ Шурои ҷумҳуриявии “Динамо”-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии таълимии Колеҷи тиббии шаҳри Бохтар чорабинии мақсаднок доир намуд.
Директори муассиса бо сухани муқаддимавӣ намояндагонро бо иштирокдорони аҳли толор муаррифӣ намуда, таъкид намуд, ки чунин вохӯриҳо дар доираи мулоқоту вохӯриҳо бо намояндагони сохторҳои қудратӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, дар ҳошияи пайравӣ аз Пайёми Пешвои миллат доир карда мешаванд.
Дар ҷаласа полковники милитсия Шоҳиён Аслиддин муовини якуми Раиси ШҶ «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Пешгирии ҷавонону наврасон аз оворагардӣ, мубтало гаштан ба нашъамандӣ, истеъмоли моддаҳои психотропӣ, интихоби варзиш ва тарзи ҳаёти солим” баромади пурмазмун намуда, бо намоиш додани саҳначаҳои ҳаётӣ-тарбиявӣ, ки дар ҳамкорӣ бо кормандони телевизионҳои ҷумҳурӣ ва мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба навор гирифта шудаанд, диққати иштирокчиёнро ҷалб намуданд.
Дар идома дигар намояндагони ВКД оид ба омӯзиши муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, татбиқи самтҳои афзалиятноки Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, инчунин оид ба пешгирии хурофот ва ифротгароӣ дар ҷомеа изҳори назар намуданд.
Дар фарҷоми ҷаласа тими волейболбоздухтарони МДТ Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар, ки дар мусобиқаи доиргардида ҷойҳои якум ва сеюм ва ҳамзамон тими волейболбоздухтарони Муассисаи омӯзгорӣ, ки ҷойи дуюмро дар мусобиқа байни муассисаҳои вилоятӣ ишғол намудаанд, бо ифтихорномаву сипоснома ва тӯҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ карда шуданд.






















