Қаллобӣ
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ шаҳрванд Назаров Ф.А., соли таваллудаш 1996 сокини ноҳияи Сино ҳамчун гумонбар дар содир кардани ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда 7-уми апрели соли 2025 ба боварии шаҳрванд Сафаров Ҷ.Ш., соли таваллудаш 1995 истиқоматкунандаи ноҳияи Фирдавсӣ даромада, нақлиёти барқии тамғаи “NETA”ро, ки ба тариқи автокредит (гарав) аз бонки “Эсхата”-и ноҳияи Рӯдакӣ бо маблағи 158.000-сомонӣ ба муҳлати 4-сол харидорӣ намудааст ва ҳуқуқи аз қайд баровардан ва фурӯхтанро надорад, бо шаҳрванд Сафаров Ҷ.Ш. шартномаи қалбаки баста, нақлиёти мазкурро 142.000-сомонӣ нархгузорӣ намуда, 128.000-сомониашро гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Оид ба ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.
















