Қаллобӣ
Шаҳрванд Давлатзода Л.Ҷ., соли таваллудаш 1991 сокини ноҳияи Вахш, муваққатан истиқоматкунандаи ноҳияи Шоҳмансур, ки пеш бо моддаи 244 қ-4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, барои мардумфиребӣ бо сӯистифодаи боварӣ дастгир карда шуд.
Номбурда тахминан моҳи июни соли 2025 ба боварии Абронзода Ф.А., соли таваллудаш 1970 сокини шаҳри Бохтар даромада, барои ӯро бо нафақа аз ҳисоби мақомоти корҳои дохилӣ барқарор кардан, аз ӯ 93 ҳазор сомонӣ гирифта, ягон амалро иҷро накардааст.
Аз рӯйи ин ҳолат тафтишоти пешакӣ ба роҳ монда шудааст.















