Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк
Шаҳрванд Қурбонов Т.М., соли таваллудаш 1966 истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Сафедчашмаи ноҳияи Балҷувон ба ШВКД дар ноҳияи мазкур дар он хусус муроҷиат кард, ки 4-уми июни соли 2026 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ 107-дарзаи коҳи хушкашро дар заминҳои иҷоравиаш оташ задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯи муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро шаҳрванд Шомирзоев Ҷ.Н., соли таваллудаш 1970 истиқоматкунандаи ноҳияи мазкур содир намудааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур тафтишоти пешакӣ барои оғози парвандаи ҷиноятӣ ба роҳ монда шудааст.














