Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти вазири корҳои дохилӣ бо вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон

4-уми июни соли 2026 вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар намуд.  
Дар доираи сафари корӣ 5-уми июни соли 2026 вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Искандар Муъминӣ мулоқот анҷом дод.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳоро дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, таъмини амният ва мубодилаи иттилоот мавриди баррасӣ қарор доданд.
Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва доктор Искандар Муъминӣ ҷиҳати таҳким бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният, роҳҳои мубориза бо терроризму ифротгароӣ, инчунин ҷиноятҳои киберӣ изҳори боварӣ намуданд.

05.06.2026 12:12
100