Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қаллобӣ

Кормандони милитсия бо доир намудани коркардҳои оперативӣ дар кирдори шаҳрванд Файзуллоев У. С., соли таваллудаш 1987 истиқоматкунандаи ноҳияи Дӯстӣ ҷинояти қаллобиро ошкор намуданд.
Номбурда моҳи январи соли 2026 бо роҳи фиреб ба боварии  шаҳрванд Ҳакимзода Д.М., сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ даромада, аз ӯ 69 ҳазор сомонӣ  гирифта, ваъда додааст, ки маҳкумшуда Ҳ.Н.-ро  бо сабаби бемор буданаш аз муасиссаи ислоҳӣ  озод менамояд.  Аммо то ҳол ягон амалро иҷро накарда, маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф кардааст.
Инчунин, шаҳрванд Тоҷиев З.Д., соли таваллудаш 1996 истиқоматкунандаи шаҳри Кулоб бо гумонбарӣ дар ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршуда 25 январи соли 2026 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Отахонов М.М., даромада,  аз ӯ 56 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта ваъда додааст, ки дар муддати 1-моҳ 2-адад элекртомобили тамғаи “Лисанг Л-9” аз Ҷумҳурии халқии Чин  дастрас мекунад. Аммо  ваъдаашро иҷро накарда, маблағи ба даст овардаашро ба манфиати  шахсиаш сарф намудааст. 
Оид ба ҳолатҳои ҷойдошта барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ тафтишоти пешакӣ ба роҳ монда шудааст.

04.06.2026 10:29
33