Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тасарруфи пинҳонии молу мулки ғайр

Шаҳрванд Нуруллоев С.С., соли таваллудаш 1983 истиқоматкунандаи деҳаи Сафедтеппаи ноҳияи Спитамен 30-юми майи соли 2026 шабона бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои кишоварзии «Хайдарқул-Ота», воқеъ дар ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи мазкур як адад чорвои калони шохдори Усмонов М.М. сокини ноҳияи Ҷ.Расулов, ки арзишаш 10200-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намудааст.
Бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия гумонбарро дастгир намуданд. 
Инчунин, ба ШВКД оид ба хизматрасонӣ дар деҳаи Навободи минтақаи Рашт аризаи шаҳрванд Латипов Қ.Т., соли таваллудаш 1982 ворид гардид, ки шахсони номаълум  бо роҳи пинҳонӣ аз деҳаи Бини-суфиёни ҷамоати деҳоти Б.Раҳимзода як сар говро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 12 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. 
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ҷинояти дуздиро шаҳрванд Мирзоев М.Ш., соли таваллудаш 1990 сокини деҳаи Лойобаи ноҳияи мазкур содир намудааст.
Вобаста ба ҳолатҳои ҷойдошта бо дастрасии моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар пешбурди тафтишот қарор дорад. 

04.06.2026 10:27
25