Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Юлчиев Ф.И., соли таваллудаш 1973 истиқоматкунандаи ноҳияи Фирдавсӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 3-юми июни соли 2026, тахминан соати 14:00 дақиқа дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсараш А.М., соли таваллудаш 1975 сокини ноҳияи мазкур муноқиша намуда, бо корди дар дасташ буда як маротиба ба қисмати шиками ҳамсараш задааст. Дар натиҷа шаҳрванд А.М., ҷароҳати вазнинӣ ҷисмонӣ ба саломатиаш бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Оид ба ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.
















