Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Хуросон бо ариза шаҳрванд Ҷалилов А.Р., соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 29-уми майи соли 2026, шахсони номаълум ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз онҷо 1-адад сандуқи оҳанин (сейф), ки дар дохилаш 15 ҳазор сомонӣ ва 45 ҳазор рубли русиро доштааст, дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 19 ҳазору 500-сомониро ташкил медиҳад. 
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро ноболиғи 16 сола сокини ноҳияи Хуросон содир намудааст.
Ба ин монанд, шаҳрванд Солиев М.Қ., соли таваллудаш 2001 сокини шаҳри Ҳисор ба ШВКД дар шаҳри мазкур бо ариза муроҷиат кардааст, ки 1-уми июни соли 2026, тахминан соати 04:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагии деҳқониаш 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, ба ӯ 30 ҳазор сомонӣ зарар расонидаанд.
Бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро Воҳидов С.И., соли таваллудаш 2004, сокини шаҳри Ҳисор содир намудааст.
Оид ба ҳолатҳои мазкур тафтишот ба роҳ монда шудааст.

02.06.2026 11:29
40