Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷинояти одамкушӣ дар ноҳияи Деваштич

30-юми майи соли 2026, тахминан соати 22:00 шаҳрванд Ашураҳмад Аъзамҷон соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Деваштич дар заминаи хусмату бадбинӣ бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудани шаҳрванда Раҷабов Охунҷон Наврӯзович соли таваллудаш 1961, ки ба ҳайси раиси маҳалла дар деҳаи Метки ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи мазкур фаъолият мекард,  дар назди оромгоҳи деҳа ба дохили автомашинаи тамғаи «Муссо», ки ба номбурда тааллуқ дорад, савор шуда, бо корди бо худ доштааш ду маротиба ба узвҳои ҳаётанмуҳими Раҷабов Охунҷон зарба задааст, ки дар натиҷа аз ҷароҳатҳои бардоштааш  Раҷабов Охунҷон дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ашураҳмад Аъзамҷон баъди содир кардани ҷиноят бо мақсади фирор аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷойи ҳодисаро тарк кардааст. Бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ӯро дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон боздошт намуданд.
Аз рӯйи нишондоди гумонбаршуда, марҳум Раҷабов Охунҷон дар деҳа нисбати ӯ ва ҳамсараш беасос овозаҳои бадномкунанда паҳн кардааст ва ин сабаб шудааст, ки  Ашураҳмад Аъзамҷон ба ин ҷинояти махсусан вазин даст занад.
Оид ба ҳолати мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дастгиршуда ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

02.06.2026 11:24
83