Ғоратгарӣ
Шаҳрванд Қосимова Н.И., ба ШВКД дар ноҳияи Спитамен бо ариза дар он хусус муроҷиат кардааст, ки 20-уми апрели соли 2025, тахминан соати 23:00-дақиқа, ҳангоми дар роҳи даврашакли даромади ноҳияи Спитамен дар канори роҳ қарор доштанаш, 2-нафар шахсони номаълум бо роҳи ошкоро аз дасташ ҷузвдонашро, ки дар дохилаш 3 ҳазору 800-сомонӣ будааст, тасарруф намуда, фирор кардаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро шаҳрвандон Урунов М.Т., соли таваллудаш 2000 ва Ҳақназаров Ш.М., соли таваллудаш 1999, сокинони ноҳияи Деваштич содир кардаанд.
Нисбати номбурдагон бо қисми 2 моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.















