Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эълон!

Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати хонандагони муассисаҳои таълимӣ оид ба омӯзиши Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки кӯдакон ва наврасон, аз 1 то 4 июни соли 2026 дар ҶСК «Шоҳамбарӣ» шаҳри Ҳисор озмуни 12-уми ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат» баргузор менамояд.
Дар озмун дастаҳои беҳтарини «Нозирони навраси ҳаракат» аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуда, донишу малакаи худро дар самти риоя ва тарғиби Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба намоиш мегузоранд.
Ҳадафи асосии баргузории озмун баланд бардоштани фарҳанги ҳаракат дар роҳ, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ дар байни наврасон ва пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки кӯдакон мебошад.

01.06.2026 9:31
17