Саҳми Шӯроҳои ҷамъиятӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва вусъат бахшидани ҳамкориҳои милитсия бо ҷомеа
30 майи соли 2026 дар бинои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи муштараки Вазорати корҳои дохилӣ ва Дафтари барномавии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар дар мавзӯи «Саҳми Шӯроҳои ҷамъиятӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва вусъат бахшидани ҳамкориҳои милитсия бо ҷомеа» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, Дафтари барномавии САҲА дар шаҳри Душанбе, аъзоёни Шӯрои ҷамъиятии назди ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Мизи мудавварро Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Толеҳзода Азам Толиб ифтитоҳ намуда, дар суханронии худ оид ба нақши муҳимми Шӯроҳои ҷамъиятӣ дар татбиқи ислоҳоти милитсия, таҳкими робитаи мутақобилан судманд байни мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷомеа, инчунин ҷалби шаҳрвандон ба таъмини амнияти ҷамъиятӣ ибрози назар кард.
Сипас, Раиси Шӯрои ҷамъиятии назди ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Ятимзода Ҳотам суханронӣ намуда, оид ба таҷрибаи ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ бо ҷомеа, нақши шаҳрвандон дар пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва тақвияти эътимоди мардум ба милитсия андешаҳои худро баён намуд.
Дар рафти чорабинӣ иштирокчиён масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои милитсия бо ҷомеа, ҷалби фаъолонаи шаҳрвандон ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон, мубориза бо зуҳуроти номатлуб ва рушди фаъолияти Шӯроҳои ҷамъиятиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамзамон оид ба роҳҳои боз ҳам такмил додани ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар анҷоми мизи мудаввар барои саҳми арзанда дар таҳкими ҳамкориҳои милитсия бо ҷомеа, дастгирии ислоҳоти милитсия ва иштироки фаъолона дар фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ як қатор аъзои Шӯрои ҷамъиятии назди ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Чорабинӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва мубодилаи таҷриба баргузор гардида, иштирокчиён омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон изҳор намуданд.





























