Вайрон кардани қоидаҳои бехатарии истифодаи нақлиёти обӣ, ки боиси марги инсон гаштааст
29-уми майи соли 2026 тахминан соати 17:00 шаҳрванд Аминова Фараҳноз Ҳайдарқуловна соли таваллудаш 2004. сокини ноҳияи Ёвон, дар ҳавзи шиноварии 9-уми Корери шаҳри Норак ҳангоми идораи воситаи нақлиёти обии “Гидросикл”-и тамғаи “Умана”, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиётии обӣ “Гидросикл” набаромада, ноболиғ Табарзода Имронҷони Илҳом соли таваллудаш 2009, сокини шаҳри Норакро, ки дар дохили об ба шиновари машғул буд, аз беэҳтиётӣ пахш кардааст. Дар натиҷа ноболиғ Табарзода И.И., ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот ба роҳ монда шудааст.














