Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ

Кормандони милитсия дар кирдори шаҳрванд Назиров И.Н., соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Душанбе ҷинояти азонихудкунӣ  ё исрофкориро муайян намуданд. 
Гумонбаршаванда аз моҳи августи соли 2021 то 1-уми ноябри соли 2025, ҳангоми дар маркази хизматрасонии бонкии А72 ҶСК “Ориёнбонк” ба ҳайси амалиётгар-хазинадор кору фаъолият карданаш, мувофиқи уҳдадориҳои хизматиаш аз мизоҷони маркази зикршуда маблағҳои пулии гуногунро ҷиҳати интиқол додан ба суратҳисоби дахлдор қабул намудааст. 
Инчунин, гумонбаршаванда дар ин давра аз ҶДММ “Ёс Муҳаррик” як миқдор маблағҳои гуногуни пулиро бо мақсади пардохт намудани хароҷотҳои барасмиятдарории гумрукии воситаҳои нақлиёт қабул намуда, ба масъулини ҷамъияти мазкур интиқолномаҳои пардохтиро бо муҳри хазинаи воридотии маркази хизматрасонии бонкии А72 ҶСК “Ориёнбонк” пешниҳод намудааст
Аммо Назиров И.Н., маблағҳои аз ҶДММ “Ёс Муҳаррик”, ки ба ӯ бовар карда супорида будаанд, аз они худ намуда, онҳоро барои шартгузорӣ дар бозиҳои саргармкунанда дар маркази дилхуши-чилимкашии “Планета” сарф кардааст.
Дар натиҷа Назиров И.Н., ба ин кирдораш ба ҶДММ “Ёс Муҳаррик” 1 милиону 697 ҳазору 997-сомонӣ зарари моддӣ расонидааст. 
Нисбати Назиров И.Н., бо моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

30.05.2026 10:38
90