Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

Шаҳрванд Исроилов М.С., соли таваллудаш 2008, сокини ноҳияи Шоҳмансур 23-юми апрели соли 2026, тахминан  соати 12:30-дақиқа,  дар кӯчаи С.Айнии ноҳияи мазкур аз ҳиссиёти авбошӣ бо ду нафар ноболиғ сокинони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе муноқиша намуда, якдигарро мавриди лату кӯб қарор додаанд. Сипас, Исроилов М.С., бо 1-адад корди ошхонагии дар дасташ буда, ба қафаси синаи ноболиғ О.А., якчанд маротиба зарба задааст.
Дар натиҷа ноболиғ О. А., ҷароҳати ҷисмонӣ ба саломатиаш бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Мувофиқи хулосаи тиббӣ-судӣ дар бадани ноболиғ ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар намуди захми халандаву бурида бо ҷароҳатёбии ҳиссаи мобайни шуши рост буда, ба дараҷаи вазнин ба саломатӣ бо аломатҳои хафнок барои ҳаёт мансуб мебошад.
Аз рӯи ҳолатии мазкур тафтишот идома дорад.

29.05.2026 14:58
31