Баррасии Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
29 майи соли 2026 дар толори маҷлисии Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрии намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ муҳтавои «Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии он барои солҳои 2026-2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2026, № 73 тасдиқ шудааст, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Муовини Сардори Маркази ягонаи иттиллотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наботиён Меъроҷ Ғиёс ва прокурори Маркази ягонаи иттиллотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаббатзода Шарифа Сотим бандҳои алоҳидаи «Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва нақшаи амали онро таҳлил намуданд.
Дар интиҳо вобаста ба хатари терроризм ва экстремизм, роҳҳи пешгирии он ва доир намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни наврасону ҷавонон байни намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ВКД табодули андеша карда шуд.






















