Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарҳи садамаҳои нақлиётии марговар

25-уми майи соли 2026, тахминан соати 22:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес Бенс” Хушаков Рамазон Абдуллоевич соли таваллудаш 1975, сокини ноҳияи Дӯстӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Нури Вахш ба самти маркази ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Мирзоев Нуриддин, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст, ки дар натиҷа пиёдагард ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
26-уми майи соли 2026, тахминан соати 15:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Кобалт”, шаҳрванди Ҷумҳурии Узбекистон Раҳимов Назрибекҷон Наимҷон Уғлӣ, соли таваллудаш 2000, истиқоматкунандаи вилояти Қашқадарёи Ҷумҳурии Узбекистон, ҳангоми ҳаракат дар километри 75-уми роҳи мошингарди “Душанбе-Бохтар” воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти С.Айнии ноҳияи Хуросон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, ба қисмати қафои автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, ки ба Иноятов Усмонҷон Маҳмадрасулович сокини ноҳияи мазкур тааллуқ дошта, дар канори роҳ қарор дошт, бархурдааст. Дар натиҷа мусофири қафои автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Иноятова Манижа Бахтиёровна, соли таваллудаш 2002, сокини ҳамин ноҳия ба саломатиаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
27-уми майи соли 2026, тахминан соати 10:30-дақиқа, ронандаи мототсикли тамғаи “Супер-Хатлон”, Умедов Ҷумъабег Бадриддинович соли таваллудаш 2008, сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳангоми ҳаракат дар ҳолати мастӣ дар шоҳроҳи “Душанбе-Панҷи поён”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун, аз уҳдаи идораи мототсикл набаромада, пиёдагарди хурдсол Халифазода Майрам Абдулвоҳид, соли таваллудаш 2020, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст, ки ноболиғ ба саломатиаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
27-уми майи соли 2026, тахминан соатҳои 04:00 дар ҳудуди деҳаи Розиёни ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “Хово” Ашуров Сунатулло Толибҷонович соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Ёвон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи барқии тамғаи “AYON-Y”, ки таҳти идораи ронанда Ғафуров Ҳикматулло Абдуҷаборович, соли таваллудаш 1978, сокини шаҳри Душанбе қарор дошт, бархурдааст. Дар натиҷа ронадаи автомашинаи барқии тамғаи “AYON-Y” Ғафуров Ҳ.А., ба саломатиаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
27-уми майи соли 2026, тахминан соатҳои 12:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи барқии тамғаи “BYD-E2”, Алматов Фаррух Умарқулович, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Данғара ба самти шаҳри Бохтар, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Данғара, аз уҳдаи воситаи нақлёт набаромада, ба бетони муҳофизати канори роҳ бархурдааст, ки дар натиҷа ронанда Алматов Ф.У ва мусофиронаш Одиназода Сайаҳтам Сироҷ, соли таваллудаш 1967 ва Одинаев Камолидин Икромович, соли таваллудаш 1973, сокинони ноҳияи Вахш, ба саломатиашон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
27-уми майи соли 2026, тахминан соати 10:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота Камри”, Маҳмудзода Шарифҷон Амиршо, соли таваллудаш 2002, сокини ноҳияи Восеъ ҳангоми ҳаракат дар деҳаи Заркорони ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воистаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада ба автомашинаи тамғаи “Тайота Карола Аксио”, ки таҳти идораи Ҷумаев Мирзохон Аҳмадович, соли таваллудаш 1986, сокини ҳамин ноҳия қарор дошт, бархурдааст. Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота Карола Аксио” Ҷумаев М.А., ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст, ва мусофири дар дохили автомашинаи тамғаи “Тайота Камри” буда, Ҳомидов Ҳомидҷон Шарифҷонович, соли таваллудаш 2002, сокини ноҳияи Восеъ ба саломатиаш ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
27-уми майи соли 2026, тахминан соати 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Неъматов Мусо Иброҳимович соли таваллудаш 1992 сокини ноҳияи Ҷайҳун, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Дӯстии ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аз роҳи асоси берун шуда, ба автомашинаи тамғаи “Булдозер”, ки дар канори чапи роҳ гузошта шуда буд, бархурдааст. Ҳодисаи мазкур ба он боис гардид, ки ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Неъматов М.И., ба саломатиаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст ва мусофирони дар дохили автомашинаи мазкур буда, шаҳрвандон Гадоева Моҳпарӣ Файзалиевна соли таваллудаш 1965, Неъматова Сайнисо Саймуродовна соли таваллудаш 1995, Гадоев Карим Пирмаҳмадович соли таваллудаш 1989, хурдсол Гадоева Руқия Каримовна соли таваллудаш 2026 ва Оева Гулнигор Раҳимовна соли таваллудаш 2025 сокинони ҷамоати шаҳраки Дӯстии ҳамин ноҳия ба саломатиашон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

28.05.2026 12:37
56