Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо муовини прокурори Суди байналмилалии ҷиноятӣ

26 майи соли 2026 муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо бо муовини прокурори Суди байналмилалии ҷиноятӣ хонум Наҷот Шамим Хон, ки ҷаҳати иштирок дар Конфронси чоруми байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст, вохӯрӣ доир намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои тақвият додани ҳамкориҳо дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон, таъмини имкониятҳои баробар байни занон ва мардон, муқовимат ба савдои одамон ва дигар намудҳои ҷинояткорӣ, аз он ҷумла терроризми байналмилалӣ, экстремизм ва дигар мавзӯҳои муҳим табодули афкор намуданд.
Инчунин, оид ба раванд ва дастовардҳо дар самти ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шуд.
Дар анҷом ҷонибҳо ҷиҳати таҳким бахшидани  ҳамкориҳои дуҷониба оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният изҳори боварӣ намуданд.

26.05.2026 18:59
133