Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пахши дучархарон ва фирор аз ҷойи ҳодиса 

25-уми майи соли 2026, тахминан соати 09:05-дақиқа, ронандаи мототсикли дучархаи тамғаи “GX-200”, Чориев Ҷаҳонгир Абдурасулович соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Дӯстӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Нури-Вахш ба самти ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи мазкур воқеъ дар роҳи мошингарди деҳаи Панҷтути ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба қисмати қафои дучархаи барқии тамғаи “Скутер” таҳти идораи шаҳрванд Раҷабов Файзулло Холдарович, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Дӯстӣ, бархурда, дидаю дониста ҳаёт ва саломатии Раҷабов Ф.Х-ро дар хатар гузошта, бо мақсади пинҳон доштани садамаи нақлиётии содиркардааш, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст. Дар натиҷа Раҷабов Ф.Х., дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шахсияти  Чориев Ҷаҳонгир муайян ва ӯ боздошт карда шуд.

26.05.2026 13:45
32