Тасарруфи пинҳонии чорво
Шаҳрванд Алимардонов С.С., соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Қубодиён бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ боздошт гардид.
Гумонбаршуда бо роҳи пинҳонӣ аз дохили оғилхонаи Сафолзода Г.С., соли таваллудаш 1989 сокини ноҳияи мазкур 1-сар чорвои калони шохдорро тасарруф кардааст.
Зарари расонидашуда 33 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.














