Рӯзи ҷаҳонии футбол дар варзишгоҳи «Спитамен»
Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки бо ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар асоси қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 7 майи соли 2024 ҳамасола 25 май таҷлил карда мешавад, дар варзишгоҳи Спитамени ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фестивали футбол доир гардид.
Дар фестивал дастпарварони Шӯрои ҷумҳуриявии “Динамо”-и ВКД ва ҳайати кормандони ин ниҳод фаъолона ширкат варзиданд.
Муовини аввали раиси Шурои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД полковники милитсия Аслиддин Шоҳиён бо сухани табрикотӣ баромад карда, футболбозони навраси шурои мазкур ва мураббиёни онҳоро бо ҷашни футбол табрику таҳният гуфт.
Пас аз садо додани суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фестивал бо бозиҳои намоишӣ, машқҳои кушод, ва баромади варзишии наврасон идома ёфт. Ҳамзамон, ба футболбозони наврас туб туҳфа карданд, ки боиси эҳсоси хурсандии онҳо гардид.
Зикр гардид, ки барои рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шуда, дар байни ҷавонон нисбат ба дигар намудҳои варзиш футбол маҳбубияти бештар дорад.
Футбол яке аз роҳҳои беҳтарини беҳдошти саломатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҳукуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ инчунин муҳимтарин василаи муттаҳидсозии ҷавонон мебошад.



















