Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Садамаи нақлиётии марговар

24-уми майи соли 2026, тахминан соати 11:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерсадес-Бенс», Юсупов Мубинҷон Маъруфҷонович соли таваллудаш 1993 сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Хуҷанд-Гулистон” дар ҳудуди ноҳияи Б.Ғафуров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «BYD Song Plus», таҳти идораи Ашрапов Салоҳиддин Давронҷонович, соли таваллудаш 2008, сокини шаҳри Хуҷанд бархурдааст, ки дар натиҷа ронандаи автомашинаи «Мерсадес-Бенс», Юсупов М. ва мусофиронаш Абдуллозода Муҳаммадҷон соли таваллудаш 2008 сокини шаҳри Хуҷанд ва Рустамов Аъзамҷон Аҳмадҷонович соли таваллудаш 2008 сокини ноҳияи Б.Ғафуров дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. 
Ронандаи «BYD Song Plus», Ашрапов С., бошад ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистари гардидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

25.05.2026 11:17
59