Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қаллобӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳритус аризаи шаҳрванд Алиев А.Б., соли таваллудаш 1948, сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки моҳи декабри соли 2025, шаҳрванд Бобомуратов Р.Ю., соли таваллудаш 1981, сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ дар ду марҳилла 280 ҳазор сомони гирифта ваъда додааст, ки бар ивазаш аз ҳудуди ҷамоати деҳоти Пахтаобод замини наздиҳавлигӣ гирифта медиҳад аммо ягон амалро иҷро накарда, то ҳол маблағи гирифтаашро барнагардонидааст.
Нисбати Бобомуратов Р.Ю., бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот ба роҳ монда шудааст.

25.05.2026 11:16
33