Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ

Аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Касиров И.И., соли таваллудаш 1996 сокини шаҳри Душанбе бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 24-уми марти соли 2026, бо роҳи фиреб ба боварии директори ҶДММ “Анка Тиҷорат” Убайдов Д.Б., соли таваллудаш 1989, сокини пойтахт ва дигар шахсони масъули ин ҷамъият даромада, худро бо онҳо ҳамчун соҳибкори инфиродӣ муаррифӣ карда, бо ин роҳ аз анборхонаи ҶДММ “Анка Тиҷорат”, воқеъ дар ноҳияи Фирдавсӣ, аз 24 март то 16-уми апрели соли 2026 маҳсулоти парфюмерӣ ва дигар маводҳои гуногунҳаҷми кӯдаконаро ба маблағи 47 ҳазору 160-сомонӣ гирифта, ба дигар шахсон ба нархи арзон фурӯхта, маблағҳои бо роҳи ҷиноят ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф кардааст. 
Оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

25.05.2026 11:11
33