Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дуздӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Раҷабов Н.Ю., соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Темурмалик бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 20-уми майи соли 2026, тахминан соати 05:00 дар кӯчаи А.Ҷомии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайби шаҳрванд Гадоев С.С., соли таваллудаш 2000 сокини ноҳияи Рӯдакӣ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Айфон-18 промакс”, ки арзишаш 18 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.
Аз рӯи ҳолати мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

25.05.2026 11:07
28