Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак!

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камоли эҳтиром тамоми ҷавонони кишвар, аз ҷумла гуруҳи ҷавонони «Авангард»-ро  ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрик менамояд.
Вазорат пайваста сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  дар раванди фаъолияти худ роҳандозӣ менамояд, нерӯ, эҷодкорӣ ва ташаббусҳои насли ҷавонро қадр менамояд. Зеро ҷавонон ояндаи ҷомеа, иштирокчии фаъол тавассути таҳсил ва навоварӣ ба рушди устувори ҷомеа ва сулҳу суботи кишвар  мебошанд.
Гуруҳи ҷавонони «Авангард»  аз соли 2014 таъсис ёфта, дар дар ин муддат дар таъмини тартиботи чамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон саҳми арзанда гузоштаанд ва то ба имрӯз дар тамоми чорабиниҳо иштироки фаъолона доранд. Фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат пайваста ба роҳ монда, баҳри гулгулшукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷаҳду талош менамоянд.
Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак гуруҳи ҷавонони «Авангард»!

Фуруғи миллат ҷавононанд

Фурӯғи миллату ояндаи кишвар ҷавононанд,
Фидоӣ бар Ватан, бар давлату Сарвар ҷавононанд.

Сиёсат дар фазои маънавӣ шуд дарси ибратҳо,
Сазовори сухан дар ҷашну дар минбар ҷавононанд.

Ба гуфтору ба кирдор он ҳама ҳамсангу якранганд,
Саропо махзани зар, сарвату гавҳар ҷавононанд.

Ба ҳифзи марзу буму модару меҳан фақат ҳушдор,
Ҳама сарбозу аскар, афсару сафдар ҷавононанд.

Зи фарҳангу адаб, дониш тамадунофаранд онҳо,
Ба фазлу панду идроку амал аксар ҷавононанд.

Ба он савганди дода устувору маҳкаму сангин,
Ба ҳам сарҷамъ, ҳам бо сидқ дар сангар ҷавононанд.

Нигоҳи нек аз дил, дӯстиҳо, ҳам рафоқатҳо,
Адолатхоҳу бар афкори  худ довар ҷавононанд.

Ба ҳикмат оқилу доно, ба суҳбат пайрави Пешво,
Дурахшон дар замин, дар осмон ахтар ҷавононанд.

Зи илми пешрафта ҳам замонӣ беш омухта,
Ба зеҳни дунявӣ, фитрӣ, яқин, бартар ҷавононанд.

Ниҳонӣ, завқу майлу хоҳиши ҳасрат бигӯ аз чист?
Чу ворис бар китобу хомаю дафтар ҷавононанд.

23.05.2026 21:20
54