Таркиши лулаи газ боиси марги як нафар гардид
23 майи соли 2026, соати 15:30-дақиқа, дар маҳаллаи Яккатути ноҳияи Фирдавсӣ, дар ҶДММ “Мазаи ватанӣ”, ки ба соҳибкор Назаров Солеҳҷон Хурсандбоевич тааллуқ дорад ва ба фурӯши яхмос ва маҳсулоти ширӣ машғул мебошад, бинобар риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ва зиддисухторӣ лулаи газӣ оташ гирифта, таркидааст.
Дар натиҷа, шаҳрванд Нуров Абубакр Фарҳодович соли таваллудаш 2008 сокини ҷамоати деҳоти Баҳори шаҳри Ваҳдат, донишҷӯи Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе, ки ба ҳайси ёрдамчӣ дар маркази хизматрасонӣ фаъолият мекард, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба халокат расидааст.
Ҳолати мазкур мавриди санҷиши пешакӣ қарор дорад.
















