Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Садамаҳои нақлиётии марговар

21-уми майи соли 2026, тахминан соати 14:30-дақиқа, ронандаи дучархаи “Мототсикл” Ҳайталиев Парвин Раҳмиддинович, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Турсунзода ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди кӯчаи И.Сомонии шаҳри Турсунзода аз уҳдаи идораи дучархааш набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Хундай Саната”, ки таҳти идораи ронанда Абдуллоев Умедҷон Исматуллоевич соли таваллудаш 1991 сокини шаҳри мазкур қарор дошт бархурдааст. 
Дар натиҷа ронандаи дучархаи «Мототсикл» Ҳайталиев П.Р., ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат  расидааст.
22-юми майи соли 2026, тахминан соати 16:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “NETA” Маҳмадуллоев Азизулло Ҳигматуллоевич соли таваллудаш 1992 сокини ноҳияи Кӯшониён ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба самти шаҳри Бохтар дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён бинобар сабаби баланд намудани суръати ҳаракат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аз роҳ берун шуда, ба дарахти тути канори роҳбуда бархӯрдааст. 
Дар натиҷа мусофири дар дохили автомашинабуда Бигужонова Мая Михаиловна соли таваллудаш 1978 сокини шаҳри Бохтар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

23.05.2026 11:11
35