Вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва содир кардани ҷинояти авбошӣ
Шаҳрванд Иброҳимов Н.З., соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Сино ба ШВКД-1 дар ноҳияи мазкур бо ариза муроҷиат намудааст, ки 11-уми майи соли 2026, тахминан соати 04:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи А.Ҷомии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар назди маркази дилхушии “Ҷавонон” қарор доштанаш шаҳрванд Хайруллозода А.Б., соли таваллудаш 2004 сокини шаҳри Кӯлоб аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос бо ӯ ҷангу муноқиша намуда, ӯро лату кӯб намудааст ва бо ин қонеъ нагашта, бо корди дар дасташ буда, 1-маротиба ба пойи чапи Иброҳимов Н.З., зарба зада, ба саломатии ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки шаҳрванд Соқиева Ф.Г., соли таваллудаш 1985 сокини ноҳияи Айнӣ, ки қаблан соли 2024 бо моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, 20-уми майи соли 2026, тахминан соати 17:24-дақиқа, дар назди бинои истиқоматии умумӣ воқеъ дар кӯчаи И.Сомонии шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ бо шаҳрванд Латипов А.У., соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи мазкур муноқиша карда, дашномҳои қабеҳ гуфта, бо корди дар дасташ буда Латипов А.У-ро таҳдиди задан кардааст, ки дар ин ҳолат духтари ноболиғи Латипов А.У., ки дар назди падараш қарор доштааст, бо мақсади пешгири кардан дасти Соқиева Ф.Г-ро доштааст. Дар натиҷа корд дасти ноболиғро бурида, ӯ ҷароҳат ҷисмонӣ бардоштааст.
Вобаста ба ҳолатҳои зикршуда тафтишот ба роҳ монда шудааст.















