Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташкили фоҳишахона ва даллагӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд А.М., соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи М.С.Ҳамадонӣ бо гумони ташкили фоҳишахона ва даллагӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт ҷавондухтаронро ба доми фиреби худ дароварда, бо онҳо ҷиҳати анҷом додани алоқаи ҷинсӣ бо писарон ва фароҳам овардани шароит маслиҳат намуда, ба мизоҷон, ки ҷавонписарон мебошад, бар ивази маблағи пулӣ чунин имкониятро фароҳам меовардааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур тафтишот ба роҳ монда шудааст.

22.05.2026 10:37
40