Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

Кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ ду нафар ноболиғ сокинони ноҳияи мазкурро бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд. 
Гумонбарон  18-уми майи соли 2026, тахминан соати 12:00 бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии Нуров М.Р., соли таваллудаш 1960, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ворид гардида, аз онҷо 26 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса фирор намудаанд.
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Раҳимова Б.С., соли таваллудаш 2007, сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 16-уми майи соли 2026, тахминан соати 22:30-дақиқа, ба хонаи истиқоматии шаҳрванд Мирзоева Н.Т., соли таваллудаш 1990, сокини пойтахт даромада, аз онҷо 1-адад ҷевони оҳанин, ки дар дохилаш ҷавоҳироти гуногуни тилло ва нуқра доштааст, дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 30 ҳазору 200-сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳолатҳо тафтишот идома дорад.

21.05.2026 9:17
46