Ҷамъбасти мусобиқаи варзишӣ ба муносибати “Рӯзи ҷавонон” ва “Рӯзи ҷаҳонии футбол”
Ба муносибати чорабиниҳо бахшида ба «Рӯзи ҷавонон» ва «Рӯзи ҷаҳонии футбол» бо дастури сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал – майори милитсия Пирзода Маҳмадсафар Қузратулло байни шуъбаву хадамотҳои дастгоҳи марказии Раёсат барои дарёфти «Ҷоми сардори Раёсат» мусобиқаи футбол ташкил карда шуд. Дар мусобиқа, ки аз 5 то 19 май идома ёфт 15 даста иштирок намуда маҳорати футболбозии худро нишон доданд. Мақсади чорабинии варзишӣ татбиқи талаботи «Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар мақомоти корҳои дохилӣ барои солҳои 2022-2026» ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни ҳайати шахсӣ мебошад.
Дар маросими кушодашавии мусобиқа роҳбарияти Раёсат иштирок ва ҳайати дастаҳоро ба рақоботи солим ва нишон додани маҳорати хуби футболбозӣ даъват намуданд. Таъкид гардид, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ ба варзиш ва обутоби бадан таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Зеро варзиш омили муҳим дар нигоҳдории саломатӣ, зебогии тану ҷисм ва наздиксозии рафоқату дӯстӣ байни ҳайати шахсӣ мебошад.
Мусобиқа дар майдончаи варзишии Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Ирфон”-и шаҳри Хуҷанд аз рӯи системаи даврӣ гузаронида шуд. Нахустин бозӣ сабқати дастаҳои шуъбаи тафтишот ва шуъбаи ташхиси криминалистӣ буд, ки оғозбахши мусобиқа гардид.
Ҳамарӯза баъди соати корӣ, 3 бозӣ баргузор ва ҳайати дастаҳо байни ҳам нерӯсанҷӣ карданд. Мусобиқаи даставӣ аз рӯи системаи даврӣ гузаронида шуда ҷараёни онро масъулини Шӯрои ҷумҳуриявии “Динамо”-и ВКД ва дастпарварони яке аз беҳтарин дастаҳои футзали ҷумҳурӣ «Сипар» назорат карданд.
Соҳиб гардидан ба холҳои бартариовар имконияти дастаҳоро барои ғолибу ҷоизадор шудан дар мусобиқа муайян намуд.
Ҳамин тавр, дастаҳои Шуъбаи ташкилӣ - нозиротӣ, Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ, Шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва дастаи Шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ бо нишон додани бозии беҳтар нисбат ба ҳарифон ба давраи ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд. Дар натиҷа дастаи Шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ мақоми аввал, Шуъбаи БДА ҷойи дуюм ва футболбозони дастаи Шуъбаи ташкилӣ - нозиротии Раёсат зинаи сеюми ифтихориро аз рӯйи холҳои бадастоварда ва натиҷаҳои бозӣ соҳиб шуданд.
Дар маросими ҷамъбастии мусобиқа сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал - майори милитсия Маҳмадсафар Пирзода иштирок ва пеш аз супоридани ҷоизаву туҳфаҳо оид ба мавқеи варзиш дар ҳаёти шахсӣ ба хусус манфиати футбол ва дигар намудҳои варзиш маърӯза намуда ғолибони мусобиқаро табрик намуд. Гуфта шуд, ки дар сохтори ВКД ба таври ҳамешагӣ ба варзиш ва чорабиниҳои варзишӣ аҳамияти махсус дода мешавад, то ин ки ҳайати шахсӣ обутоб ва солимии худро барои иҷрои вазифаи касбӣ таъмин намояд.
Дар фарҷом дар вазъияти танатанавӣ маҳорати инфиродии дарвозабони беҳтарин, ҳимоятгар, нимҳимоятгар, ҳамлагар ва се дастаи ғолиб бо Ҷом, медал, Ифтихорнома ва туҳфаҳо қадршиносӣ шуданд. Инчунин нафароне, ки дар баргузории мусобиқаи варзишӣ саҳм гузоштаанд бо Ифтихорномаи сардори Раёсат ва туҳфаҳо ҳавасманд карда шуданд.
Ёдрас мешавем, ки ингуна чорабиниҳои варзишӣ дар сохтори мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд мунтазам гузаронида мешаванд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.






























