Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ

Хурофот бештар дар байни нафароне, ки таҳсил накардаанд ё сатҳи донишу маърифати илмиашон паст мебошад, шакл гирифта, рушд менамояд  ва оқибат инсонро ба гумроҳиву ҷоҳилӣ оварда мерасонад.
Шаҳрванд Турақулова Зебинисо Пирматовна соли таваллудаш 1962, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, ки қаблан барои кирдорҳои мардумфиребонаи сеҳру ҷоду ва фолбинӣ боздошт гардида, ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб гардида буд, ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, боз такроран  ба фолбинӣ ва сеҳру ҷодугарӣ машғул шудааст. Номбурда бо истифода аз ҳар гуна ашёҳои карахт амалҳои мардумфиребонаи худро анҷом медодааст.
Барои такроран баъди адои ҷазои маъмурӣ ба чунин кирдор даст задан нисбати номбурда бо иловаи 1 моддаи 240 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтиш қарор дорад.

18.05.2026 15:35
71