Садамаҳои нақлиётии марговар
15-уми майи соли 2026, тахминан соати 21:05-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира» Юнусов Сайфиддин Ҳайдарович соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Ашт ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Пунук ба самти деҳаи Дӯстии ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагард Ҳамзалиев Муҳибҷон Латифҷонович соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Аштро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагард Ҳамзалиев Муҳибҷон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
16-уми майи соли 2026, тахминан соати 20:05-дақиқа ронандаи автомашиани тамғаи «ВАЗ-2106», Ҷӯраев Толибҷон Тухтабоевич соли таваллудаш 1975, сокини ноҳияи Ашт ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», ки таҳти идораи Ҳасанов Зоиршоҳ Алиҷонович соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи мазкур қарор дошт, бархурдааст. Бар асари садама ронандаи автомашинаи «ВАЗ-2106», Ҷӯраев Толибҷон ва мусофираш хурдсол Раҳимов Муҳаммад соли таваллудаш 2018, сокини ҳамин ноҳия дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ронандаи «Опел-Зафира» Ҳасанов Зоиршоҳ ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.














