Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷавонон парчамбардорони миллатанд

Ба соҳаи варзиш рӯ овардани аҳолӣ, хосатан ҷавонон ин худ як дастоварди бузургест барои ҳар як миллат. Зеро варзиш гарави солимӣ буда, насли ҷавонро ба бурдани ҳаёти солим талқин мекунаду аз ҳар зуҳуроти номатлуб эмин нигоҳ медорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду нумуи соҳаи варзиш дар кишвар ва солимгардонии аҳолӣ таваҷҷӯҳи хосса дошта, баҳри пешрафти ин соҳа беҳтарин шароиту имкониятҳоро барои варзишгарон ва ҳар як сокини мамлакат муҳайё намудаанд.
Бояд гуфт, имрӯз роҳбарияти Олии Ҳукумати мамлакат ҳар як дастоварду пешрафти варзишгарони кишварро қадрдонӣ намуда, барои пешрафти онҳо, тарбияи варзишгарони касбӣ тамоми имкониятҳоро роҳандозӣ менамояд, то онҳо дар арсаи байналмилалӣ парчамбардори ин миллати куҳанбунёд бошанд.
Ҳамасола бахшида ба "Рӯзи ҷавонон" дар тамоми манотиқи кишвар даҳҳо мусобиқаҳои варзишӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ доир мегарданд.
Дар ин асно имрӯз 17 майи соли равон, бо ибтикори роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг ва шахсони саховатпешаву ватандӯсти ин диёр, як қатор мусобиқаҳои варзишӣ аз қабили Гуштини миллӣ бо иштироки паҳлавонони номии як қатор давлатҳои хориҷӣ, аспдавонӣ дар масофаи наздик ба 2 километру 200 метр, дави миллӣ дар масофаи 3 километр, инчунин велосипедронӣ низ роҳандозӣ гардид.
Аъзоёни Шӯрои ҷумҳуриявии "Динамо"-и ВКД низ дар ин чорабиниҳои варзишӣ фаъолона ширкат намуданд.
Мусобиқаи дави миллӣ бо иштироки раиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг Саймумин Рауфзода, намояндагони корхонаву идораҳои давлатӣ, зиёда аз 300 нафар шаҳрвандон дар чор навъ миёни ҷавонписарону ҷавондухтарон ва миёнсолону калонсолон доир гардид.
Чорабиниро раиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг Саймумин Рауфзода оғоз намуда, ҷавонон ва ҳозиринро бо «Рӯзи ҷавонон» табрик гуфта, барояшон саломатӣ, донишу хониши хуб, комёбиҳо дар ҷодаи кору фаъолият ва пирӯзӣ дар ин мусобиқа таманно намуд.
Варзишгарон барои ба даст овардани ғолибият аз худ маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, сайъ намуданд бар ҳарифи худ ғолиб ва сазовори ҷойи аввал гарданд.
Дар ин мусобиқа, миёни ҷавонон ҷоийи аввалро Зуҳуршои Наҷмиддин, миёни ҷавондухтарон Ҳалима Муъминова, дар байни миёнсолон бошад Наҷмиддин Файзов ва миёни калонсолон Сайдолим Шарипов сазовори ҷойи аввал гардиданд.
Дар идомаи ин чорабиниҳои варзишӣ марафони велосипедронӣ оғоз гардида, дар он зиёда аз сад нафар велосипедронҳо иштирок ва аз худ маҳорати хуби велосипедронӣ нишон доданд.
Дар марафони велосипедронӣ Сайбилол Тағоймуродов аз худ маҳорати баланди велосипедронӣ нишон дода сазовори ҷойи аввал, Ҳамидҷон Самадов сазовори ҷойи дуюм ва Саидмуҳаммадзода Муҳаммад ҷойи сеюмро сазовор шуданд.
Мусобиқаҳои варзишӣ дар ноҳияи Ховалинг идома дошта, аз рафти мусобиқаҳои  аспдавонӣ ва гуштини миллӣ иловатан маълумот медиҳем.

17.05.2026 15:56
49