Гумонбари ҷинояти дуздӣ дастгир гардид
Кормандони ШВКД дар шаҳри Турсунзода шаҳрванд Исмоилов Наврӯзбек Панҷиевич соли таваллудаш 1996 истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Туйчиеви шаҳри Турсунзодаро бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд. Гумонбаршуда ба манзили истиқоматии шаҳрванд Икромов Воҳидҷон Тоҳирович сокини шаҳри Турсунзода пинҳонӣ ворид гардида, аз он ҷо 1-адад телевизор 1-адад дучарха, 100-кг биринҷ, 3-адад гилем ва дигар ашёҳои рӯзгорро тасарруф намудааст. Зарари расонидашуда 15850-сомониро ташкил медиҳад.
Дастгиршуда боз дар 4 ҳолати дигари содир кардани ҷиноятҳои дуздӣ дар ҳудуди шаҳри Турсунзода гумонбар аст.
Исмоилов Наврӯзбек ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, тафтишот идома дорад.


















