Кирдори қаллобӣ ошкор гардид
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Гашзода М.М., соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Вахш бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, моҳи феврали соли 2026 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Раҳмонов Қ.С., соли таваллудаш 1978, сокини ҳамин ноҳия даромада, бо мақсади ғайриқонуни ҷудо карда додани 0,10-гектар қитъаи замин аз ҳисоби заминҳои сохтмонӣ “Фермаи чорво”, ки дар хоҷагии С.Турдиеви ҷамоати шаҳраки Зарнисори ноҳияи Вахш воқеъ аст, 115 ҳазор сомонӣ талаб намуда ба даст овардааст.
Гашзода М., баъди ба даст овардани маблағи муфт ба манфиати Раҳмонов Қ., ягон амалро иҷро накарда, ба ӯ зарари махсусан калон расонидааст.
Нисбати Гашзода М.М., бо қисми 4 моддаи 247 ва қисми 1 моддаи 338 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

















