Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ
Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза шаҳрванд Ёрматов Ф.Р., соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 15-уми майи соли 2026, фарзандаш Ёрматов Т.Ф., соли таваллудаш 2006-ро, дар деҳаи Файзбахши шаҳри Ваҳдат шахси номаълум аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос бо истифода аз корди хоҷагӣ дар қисмати пеши шикамаш 7-8 зарба зада, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст, ки дар натиҷа Ёрматов Т.Ф., ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ мебошад.
Бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷиноят дарҳол ошкор ва шахсияти гумонбар муайян карда шуд. Ҳамчун гумонбар дар ҷинояти мазкур шаҳрванд Мирзозода Ҳ.Р., соли таваллудаш 2008, сокини шаҳри Ваҳдат боздошт гардид.
Аз рӯи ҳолати мазкур тафтишот ба роҳ монда шудааст.
















