Садамаҳои нақлиётии марговар
13-уми майи соли 2026 ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Камрӣ” Қосимзода Илҳом Қосим, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Бохтар ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи мошингарди кӯчаи Ваҳдати шаҳри Бохтар аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хурдсол Ҳайдарова Аниса Суҳробовна, соли таваллудаш 2023, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа хурдсол Ҳайдаров А.С., ҷароҳатҳои гуногун бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, 14-уми майи соли 2026, тахминан соати 15:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота-Королла», Сарахонов Наҷмиддин Сулаймонович, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Вахшон ба самти деҳаи Уялии ноҳияи Хуросон, воқеъ дар роҳи мошингарди деҳаи Мушкуруди ҷамоати деҳоти Якатути ноҳияи А.Ҷомӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Ҳайитов Тағоймурод Маҳкамқулович, соли таваллудаш 1961, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст, ки боиси ба ҳалокат расидани Ҳайитов Т.М., гардидааст.
14-уми майи соли 2026, тахминан соати 17:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», Ҷалолов Ӯткирҷон Ӯктамович, соли таваллудаш 1973, сокини ноҳияи Спитамен ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Навкат ба самти ҷамоати деҳоти Истиқлол дар ҳудуди ноҳияи Спитамен аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, электороскутери маъюбии таҳти идораи Базаров Раҳмонҷон Акбарович, соли таваллудаш 1987, қарордоштаро пахш намудааст. Дар натиҷа ронандаи электроскутер Базаров Р.А., ҷароҳат бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Вобаста ба ҳолатҳои мазкур таҳқиқот ба роҳ монда шудааст.















