Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ронанда пас аз пахши пиёдагард аз ҷойи ҳодиса фирор кард

11-уми майи соли 2026, тахминан соати 22:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи «Шакман» Назаров Зарифҷон Абдурасулович, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат ба самти роҳи автомобилгарди хиёбони «Тошканд»-и шаҳри Хуҷанд, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Муҳиддинов Сайфиддин Фозилович соли таваллудаш 1964, сокини шаҳри Хуҷандро, ки дар канори рости роҳ қарор дошт, пахш намуда, ҷойи расонидани ёрии аввалин ба номбурда, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст.
Дар натиҷа пиёдагард Муҳиддинов С.Ф., ҷароҳатҳои гуногун бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби ШВКД дар шаҳри Хуҷанд 13-уми майи соли 2026, шаҳрванд Назаров Зарифҷон дастгир карда шуда, нисбаташ бо қисми 2 моддаи 212 ва қисми 2 моддаи 127 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар пешбурди тафтишот қарор дорад.

14.05.2026 13:57
88