Ғоратгарӣ
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза Сулаймонова Г.Ф., соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 29-уми апрели соли 2026, тахминан соати 12:00 ҳангоми дар назди кӯчаи С. Айнии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе қарор доштанаш як зани ношинос ошкоро бо истифода аз зуроварӣ як ҷуфт ангуштарини тиллояшро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки шахси ҷиноятсодирнамуда шаҳрванд Каримова М.З., соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Ваҳдат мебошад.
Вобаста ба ҳолати мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.















