Муомилоти ғайриқонуни бо асъори хориҷӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия Усмонов Б.Қ., соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри Панҷакент бо гумони муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ дастгир карда шуд.
Гарчанде гумонбаршаванда 18-уми марти соли 2026 барои муомилот бо асъори хориҷӣ бо моддаи 541 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмури ҷалб шуда буд, вале боз такроран 6-уми майи соли 2026, тахминан соати 16:00 дар ҳудуди бозори марказии шаҳри Истаравшан бо муомилоти ғайриқонунии асъори хориҷӣ машғул шудааст. Номбурда аз Рофиев Д.Ш. 4 ҳазор сомонӣ ва 200-доллари амрикоиро гирифта, бар ивазаш 253 ҳазор сӯми узбекӣ додааст.
Нисбати Усмонов Б.Қ. бо қисми 1 моддаи 286 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.














