Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қаллобон аз зудбоварии шаҳрвандон истифода мекунанд

Дар асоси аризаи шаҳрвандон аз ҷониби кормандони милитсия Тожиев П.Э., соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Шаҳритус ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда бо роҳи фиреб ба боварии Маҳкамов Д. М, даромада, аз ӯ барои овардани тахта аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 милиону 737 ҳазору 800-рубли русӣ  гирифта ба манфиати шахсиаш сарф кардааст. Ба ин монанд аз Аскарзода А., 1 милиону 410 ҳазор сомонӣ ва 5 ҳазору 200-доллари амрикоӣ, аз Ортиқов А., 1милион рубли русӣ, аз Раҳимов Р.Н., 320 ҳазор рубли русӣ баробар ба 40 ҳазор сомонӣ ва аз Юлдашев Т., 230 ҳазор сомонӣ гирифта ягон амалро иҷро накардааст.
Нисбати Тожиев П.Э. бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар пешбурди тафтишот қарор дорад.

09.05.2026 9:03
39