Ба худкушӣ расонидан
Кормандони милитсия муайян намуданд, ки шаҳрванд Диярбекова А. М., соли таваллудаш 1963, сокини ноҳияи Деваштич ба ҷинояти ба худкушӣ расонидан гумонбар аст.
Гумонбаршаванда, аз соли 2024 то инҷониб нисбати келинаш Ш. Р., соли таваллудаш 2001, сокини ҳамон ҷо, муносибати бераҳмона намуда, шаъну шарафашро паст задааст, ки дар натиҷа аз ҷабру зулми хушдоман 8-уми апрели соли 2026, тахминан соати 09:00 келин дар хонаи истиқоматиаш сӯиқасд ба худкушӣ намуда, моеъи сиркоро истеъмол намудааст ва худро заҳролуд карда, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати Диярбекова А.М., бо қисми 1 моддаи 109 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.















