Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Шарипов С.А., соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Восеъ, пеш бо ҳукми суди шаҳри Ваҳдат бо модаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда дар асоси бовариномаи ноториалӣ аз соли 2023 то 8-уми феврали соли 2025, роҳбарии ҶДММ “Райҳонаи Қурбон”-ро  ба уҳда дошта, бо директори муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии техникӣ” дар ноҳияи Восеъ, 2-юми феврали соли 2025 дар бораи таъмини маҳсулоти озуқавории литсейи мазкур шартномаи хаттӣ баста, бо гирифтани маблағ даст бо ҷинояти азонихудкунӣ задаааст. Номбурда санаи 11-уми июни соли 2025 маблағи 8 ҳазор сомонӣ ва боз дар ҳамин рӯз 18 ҳазору 700-сомониро гирифта, то ба итмом расидани муҳлати шартнома маблағҳои гирифтаашро ба манфиати худ сарф  намудааст.
Нисбати роҳбари ҶДММ “Райҳонаи Қурбон” Шарипов С.А. дар асоси маводҳои ҷамовардашуда бо қисми 2 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз  карда шудааст.
    

09.05.2026 9:00
40