Китоби «Таҳвили назоратшавандаи байналмилалӣ»
Китоби Международная контролируемая поставка (Таҳвили назоратшавандаи байналмилалӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.
Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди институти таҳвили назоратшавандаи байналмилалӣ, ки то ҳол дар илми ҳуқуқшиносии ватанӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.
Муаллиф кӯшиш ба харҷ додааст, ки ташаккули қонунгузорӣ, корҳои анҷомдодашудаи қаблӣ ва даврони гузаштаро баҳогузорӣ намуда, дурнамои навинро қайд намояд.
Китоби мазкур барои доираи васеи хонандагон, судяҳо, пракурорҳо, олимон, омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.